НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ИҶРОИ БАРНОМА

Вазорати маориф ва илм ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» пайваста тадбирҳо меандешад. Аз ин рӯ, тибқи дастури вазири маориф ва илм гурӯҳи кории вазорат вазъи иҷрои Барномаро дар раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Конибодом, Деваштич, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Вахш, Дӯстӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён ва Хуросон вмавриди санҷиш қарор дод.
Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020­-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2019, №316 тасдиқ шуда, ҳадафи он қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон барои дастрасии таҳсилоти томактабӣ, шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳамкорӣ ва расонидани кумаки машваратӣ ва методӣ ба оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро тарбия мекунанд, мебошад.
Ёдовар мешавем, ки амалишавии Барнома қариб ба пуррагӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марбут аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои саривақтии он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба унвонии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якчанд маротиба мактуб низ ирсол карда шудааст.
Тавре ишора шуд, иҷрои Барномаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дошта, амалишавии он ҳар сол ду маротибамоҳҳои июн ва декабр дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат мавриди баррасӣ ва чораҷӯии минбаъда қарор мегирад. Ҳамчунин, рафти иҷрои Барнома дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои кории вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Санҷиши гурӯҳи корӣ аз мавҷудияти худи Барномаву нақшаи чорабиниҳо то иҷрои онҳоро дар бар гирифт. Маълум шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Исфара, Мастчоҳ, Ашт, ҳақиқатан, барномаву нақшаи чорабинӣ мавҷуд буда, он дар шуроҳои шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои томактабӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аммо, мутаассифона, дар шуъбаҳои маорифи шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Шаҳринав, Дӯстӣ, Хуросон, Шаҳритус, Қубодиён ва Ҷайҳун на Барнома ва на нақшаи чорабинӣ мавҷуд нест. Дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Носири Хусрав бошад, ин масъала умуман мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Ҳол он ки масъалаи мазкур моҳиятан хеле муҳим буда, ҳадафи ниҳоии он афзоиш додани фарогирӣ ва дастрасӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ ба шумор меравад.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда аз 563521 нафар кӯдаки синни томактабӣ 84578 нафар ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки 15%­и иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои амалӣ намудани Барнома ва самти афзалиятноки рушди таҳсилоти томактабӣ сохтмони муассисаҳои томактабӣ мебошад. Вобаста ба ин нуқта, бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда 48 муассиса сохта шудааст, ки 24,8% нақшаи сохтмонро ташкил медиҳад.
Яке аз ҳадафҳои Барнома баробар кардани имконияту шароити гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ буда, бо ин мақсад ҷиҳати иҷрои барнома таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак роҳандозӣ карда шуд. Санҷиш нишон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда вобаста ба имконияти мавҷуда марказу гурӯҳҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шуда бошад ҳам, талаботи он на дар ҳамаҷо иҷро гардидааст. Масъалаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хуб буда, дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Истиқлол, Файзобод, Рӯдакӣ, Мастчоҳ ва Ҳисор мавриди таваҷҷуҳу нигаронист.
Масъалаи дигаре, ки дар барнома ба нақша гирифта шудааст, ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи томактабӣ марбут аст. Тавре аз мушоҳидаву таҳлилҳо бармеояд, масъала агар дар баъзе шаҳру навоҳӣ мавриди пайгирӣ қарор гирифтаву ба таври мусбат ҳал шуда бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Панҷ ва Хуросон иҷронашуда боқӣ мондааст. Дуруст аст, ки курсҳои сайёр аз як ҷиҳат роҳи ҳалли масъалаанд, аммо аз тарафи дигар, сифатнокии ин курсҳо беҳбудиро мехоҳад.
Замимаҳои 5 ва 6 Барнома манбаъҳои маблағгузориро бо назардошти арзиши умумӣ ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ муайян намудааст. Тибқи замимаи 6­ум бояд давоми 4 соли амалишавии он 1260897750 сомонӣ маблағгузорӣ мегардид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ин давра аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 143 336 637 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 11, 3%­ро ташкил медиҳад. Чунончи, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 51862375 сомонӣ 12912060 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 24,9%, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 650 310 000 сомонӣ 58959077 сомонӣ ё худ 9% маблағ ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, аз ҳисоби бахши хусусӣ ба ҷойи 433 605 000 сомонӣ 15 603 000 ё худ 3,6% ва ба ҷойи 127 697 375 сомонӣ 55 862 500 сомонӣ маблағи грантӣ ҷалб гардидааст, ки 44,7% маблағгузории 4 соли амалишавии Барномаро ташкил медиҳад.
Умуман, дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда барои нигаҳдории муассисаҳо дар асоси маблағгузории сарикасӣ ҳамагӣ 220 000 сомонӣ ҷудо шуда, барои иҷрои пурра барнома дар ягон шаҳру ноҳия маблағгузорӣ нашудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳим таъмини муассисаҳо бо кадрҳои ихтисосманд мебошад. Санҷиш муайян намуд, ки масъалаи мазкур дар муассисаву ноҳияҳои санҷидашуда бояд ҷиддӣ мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор гирад, зеро дар ҳамаи муассисаҳои санҷидашуда ғайриихтисос фаъолият намудани мураббиён мушоҳида мегардад. Чунончи, дар шаҳри Истиқлол аз 19 нафар 17 нафар (89%), ноҳияи Файзобод аз 25 нафар 19 нафар (76%), Мастчоҳ аз 65 нафар 49 нафар (75%), Хуросон аз 18 нафар 9 нафар (50%), Вахш аз 41 нафар 17 нафар (41,4%), Гулистон аз 80 нафар 30 нафар (37%), Ҷаббор Расулов аз 188 нафар 40 (21,2%) норасоии мутахассисон ба назар мерасад. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар қисме аз шаҳру ноҳияҳо нисфи зиёди шумораи мураббиён ва ҳатто, зиёда аз онро мураббиёни ғайриихтисос ташкил медиҳанд.
Яке аз қисматҳои дигари барнома ташаккули пояи моддӣ­техникиро дар бар гирифта, иҷрокунандаи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Хушбхтона, солҳои охир инфрасохтори муассисаҳои томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Чунончи, дар ноҳияҳои Вахш, Ҷайҳун ва Дӯстӣ аз ҳисоби лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ муассисаҳои томактабӣ таъмиру тармим ва дар ноҳияи Деваштич аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои иловагӣ барои 4 гурӯҳ сохта шуда истодааст. Дар ҳамин ҳол, муассисаҳое низ мавҷуданд, ки пояи моддӣ­техникияшон ниҳоят хароб аст. Муассисаҳои томактабиии №№2, 5­и ноҳияи Вахш, №3­и шаҳри Ваҳдат, №15­и ноҳияи Рӯдакӣ, №№2, 3, 4­и ноҳияи Қубодиён, №№1, 7­и ноҳияи Шаҳритус, №2­и ноҳияи Дӯстӣ, №№2, 3­и ноҳияи Хуросон, №№16­и шаҳри Бӯстон, №№6, 8­и ноҳияи Мастчоҳ, №5­и ноҳияи Деваштич ҳатто майдончаи фароғатӣ надоранд.
Таъминот бо бозича яке аз мушкилоти дигари муассисаҳои томактабии санҷидашуда ба шумор меравад. Ин мушкилӣ, махсусан, дар муассисаҳои томактабии №№2, 7­и шаҳри Ҳисор, №3­и ноҳияи Шаҳринав, №17­и шаҳри Исфара, №4­и шаҳри Конибодом, №3­и шаҳри Ваҳдат, №№1, 2­и ноҳияи Хуросон, №№5, 6­и ноҳияи Файзобод бештар ба назар мерасад.
Муассисаи томактабии №6­и шаҳри Роғун таъмирталаб буда, муассисаи томактабии №2­и ноҳияи Хуросон, №№1, 3­и ноҳияи Панҷ ба талаботи санитарӣ­гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд. Гузашта аз ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бинои муассисаҳои томактабӣ ғайримақсаднок истифода мешаванд. Чунончи, як қисми бинои кӯдакистони №2­и ҷамоати Шарора ба бемористон, №5­и ноҳияи Вахш барои истиқомати оилаҳо, №20­и шаҳри Исфара ва №16­и шаҳри Турсунзода ба муассисаи таҳсилоти умумӣ, дар ноҳияи Спитамен чанд муассисаи томактабӣ ба осоишгоҳ, бинои истиқоматӣ, парваришгоҳ ва бойгонӣ дода шудааст.
Ҳуҷраи тиббӣ дар муассисаи томактабӣ ҷузъи муҳимми сохторӣ буда, ҷиҳати таъмини солимии кӯдакон нақши асосӣ дорад. Аммо вазъи ҳол он аст, ки дар муассисаи томактабии №16­и шаҳри Бӯстон ва №7­и ноҳияи Шаҳритус умуман ҳуҷраи тиббӣ мавҷуд нест. Агарчанде муассисаҳои томактабии дигар ҳуҷраи тиббӣ дошта бошанд ҳам, аксари онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Чунончи, муассисаҳои томактабии №6­и шаҳри Роғун, №2­и ноҳияи Рӯдакӣ, №1­и ноҳияи Қубодиён, №7­и ноҳияи Шаҳритус, №5­и ноҳияи Деваштич, №8­и ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати хеле хурд ташкил шуда, дар онҳо одитарин шароити нигаҳдории доруворӣ, табобати кӯдак, таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд нест. Ҳол он ки фармоиши муштараки вазирони маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи номгӯи таҷҳизот ва дорувориҳое, ки дар муассисаҳои томактабӣ бояд мавҷуд бошад, ба тасвиб расида, ба раёсату шуъбаҳои маориф дастрас гардидааст. Дар ин самт кори хуби ҳамшираи муассисаи томактабии №4­и шаҳри Турсунзода мавриди қайд аст. Зеро дар ин ҷо ҳамаи фаъолиятҳо тибқи дастурамал ба роҳ монда шудаанд. Аксарияти дигар ҳамшираҳои шафқат навкоранд. Бинобар ин, самти мазкур таваҷҷуҳи зиёдро мехоҳад.
Ошхонаҳои муассисаҳои томактабии №7­и шаҳри Конибодом, №3­и шаҳри Истиқлол, №6­и ноҳияи Мастчоҳ, №17­и ноҳияи Ашт, №№1,7­и ноҳияи Шаҳритус, №2­и ноҳияи Дӯстӣ таъмирталаб буда, таҷҳизоти зарурӣ надоранд. Бар замми ин, дар рӯзи санҷиш муассисаҳои томактабии №7­и ноҳияи Шаҳритус, №17­и ноҳияи Ашт, №40­и шаҳри Исфара бе таомнома фаъолият доштанд. Яке аз нишондиҳандаҳои амалишавии Барнома таъминоти кӯдакон бо ғизои хушсифат мебошад. Санҷиши масъалаи мазкур муайян намуд, ки дар ноҳияҳои мазкур сарчашмаи асосии таъминоти кӯдакон бо ғизо маблағҳои буҷетӣ ва падару модарон мебошанд. Мутаассифона, агар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва НТҶ маблағи хӯрока барои як нафар 2,5 сомониро ташкил диҳад, ин масъала дар вилояти Суғд ҳалли худро наёфта, дар ноҳияи Ашт, Конибодом, Исфара 50 дирам, Деваштич 69 дирам, Ҷаббор Расулов ва Спитамен 90 дирам ва Гулистон 2,5 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар муассисаҳои томактабӣ ба ҷойи 2 хӯрок як хӯрок дода мешавад.
Омӯзиши масъала муайян намуд, ки талаботи барнома аз рӯйи ҳамаи замимаҳо ба таври зарурӣ дар ягон шаҳру ноҳияи санҷидашуда иҷро нагардидааст. Сабаби он мавриди баррасӣ қарор нагирифтан ва маблағгузорӣ нашудан аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба шумор меравад.
Ҳангоми қабули лоиҳаи Барнома сарсарӣ, бе таҳлил ва дур аз воқеият пешниҳод шудани хулосаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ боиси мушкилӣ дар иҷрои он гардидааст. Мутаассифона, ба ҷуз шаҳрҳои Ҳисор, Исфараю Гулистон ва ноҳияи Рӯдакӣ дар ягон шаҳру ноҳияи дигар оид ба ин тадбир маълумот пешниҳод карда нашуд.
Тадқиқи масъала муайян намуд, ки аз ҷониби мақомот барои сохтмони муассисаи томактабӣ, такмили ихтисос ва таъсиси маркази инкишофи кӯдак маблағ ҷудо намегардад. Ҳарчанд ин хароҷот дар барнома пешбинӣ шудааст.
Дар охир, бояд қайд намуд, он қисматҳои барнома, ки ба зиммаи мақомоти ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, вазорату кумитаҳо аст, иҷро гардидаанд. Танҳо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Қутбиддин МУҲИДДИНЗОДА,
муовини сардори раёсати таҳсилоти
томактабии Вазорати маориф ва илм,
Салима МУСОЕВА,
“Омӯзгор”